Идомаи худкушиҳои машкуки донишомӯзон дар ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Tue, 16 Aug 2016 14:33:22 GMT )
Август 16, 2016 19:33 Asia/Dushanbe
  • Идомаи худкушиҳои машкуки донишомӯзон дар ҷумҳурии Озарбойҷон

Ҷасади ҳалқовезшудаи яке дигар аз донишомӯзони дабиристоне дар Боку, пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон пайдо шуд.

Ба иттилои сайти Мусоҳиба, ҷасади ҳалқовезшудаи Тимур Ҳасаналӣ, яке дигар аз донишомӯзони навҷавони дабиристоне дар қасабаи Курдхонаи Боку пайдо шуд.

Дар гузориши ин сайт бо ишора ба машкук будани ҳаводиси ин чунинӣ, ки ба зоҳир шабеҳи худкушӣ аст, омадааст: Дар ҳоле, ки хонаводаи Темур Ҳасаналӣ бар саломати равонии фарзандашон қабл аз ҳалқовез шудан таъкид доранд, аммо полис ва расонаҳои вобаста ба давлат эътиное ба мавориди қобили пайгирӣ дар ин дабиристон нишон намедиҳанд ва ҳамчунон муҳаррики аслии худкуширо нокомии ишқӣ унвон мекунанд.

Ин гузориш ба рафту омадҳои бархе ашхос ба мадриса ва талош барои ҷалби назари донишомӯзон, ҳамчунин ҳузури гурӯҳҳои таблиғии ваҳҳобӣ дар қасабаи курдхона ишора дорад.

Дар 3 соли ахир дар маҷмуъ токунун ҷасади ҳалқовезшудаи панҷ донишомӯзи дабиристонии ин қасаба-як духтар ва чаҳор писар-пайдо шудааст, ки нерӯҳои амниятӣ ва ҳуқуқии Боку бар худкушӣ будани он исрор доранд.