Октябр 14, 2017 16:50 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди муовини вазири хориҷаи Амрико бар таҳкими тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон

Муовини вазири умури хориҷаи Амрико бар таҳкими тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон таъкид кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии рӯзномаи Эл Пейси Испания, Томас Шаннон, муовини вазири умури хориҷаи Амрико афзуд, Амрико ба дунболи пора кардани тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон нест, балки мехоҳад, онро таҳким кунад .

Дар ҳамин ҳол, Леон Панетта, вазири дифои пешини Амрико гуфт, раисҷумҳури ин кишвар, роҳбурде дар қиболи Эрон надошта ва сирфан нобуд кардани тавофуқҳои байналмилалиро дӯст дорад .

Питер Мэттюс, таҳлилгари амрикоии масоили сиёсӣ низ дар бораи роҳбурди ҷадиди Трамп дар қиболи Эрон ба шабакаи телевизионии CNN гуфт, ин кор боиси бесуботӣ ва нопойдории ҷаҳон ва ҳатто нопойдории равобит бо муттаҳидони Амрико хоҳад шуд .

Раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа, бо муттаҳам кардани муҷаддади Эрон ба нақзи рӯҳи БАРҶОМ ва лафозиҳои асабии худ зидди Эрон гуфт, БАРҶОМ бадтарин тавофуқи торихи Амрикост ва ҳар замон лозим бидонад, ба ин тавофуқ поён хоҳад дод.

Трамп ҳамчунин аз таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон хабар дод .

Русия ва дигар кишварҳои аврупоии имзокунандаи тавофуқи ҳастаӣ бо мавзеъгирии интиқодомез зидди суханон Трамп, бар пайбандии худ ба БАРҶОМ таъкид карданд .

 

Барчасп