Август 16, 2016 20:29 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди ҳамалоти Толибон ва буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон

Дар рӯзҳои ахир гурӯҳи Толибон ҳамалоти худро дар манотиқи мухталиф ва ба хусус Кобул-пойтахти Афғонистон шиддат бахшидааст.

Ин гурӯҳ бо интишори баёнияе масъӯлияти инфиҷори бомб наздики сафорати Амрико, дар пойтахти Афғонистонро бар ӯҳда гирифт ва ҳамчунин муддаӣ шуд, ки тамоми посгоҳҳои амниятии шаҳристони Вонт Войгали устони Нуристон дар шарқи ин кишварро тасарруф кардааст.

Мақомоти маҳаллии устони Нимрӯз дар ҷанубу ғарби Афғонистон ҳам аз эҳтимоли суқӯти шаҳристони Хошруд, дар ин устон хабар додаанд.

Тибқи эъломи Созмони милал, бар асари ҳамалоти Толибон дар Афғонистон, беш аз ҳазор ғайринизомӣ дар шаш моҳи нахусти соли 2016 кушта шудаанд.

Толибон, ки ҳавзаи фаъолияти ҷуғрофиёияш танҳо ҷануб ва ҷанубу шарқи Афғонистон буд, акнун бо густариши он то ғарб ва шимоли ин кишвар, дар садади қудратнамоӣ дар баробари давлати Афғонистон ва маҳофили минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.

Толибон дар ҳоле ба ҳамалоти хушунатбори худ дар манотиқи мухталифи Афғонистон идома медиҳад, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ- саркардаи ин гурӯҳ беш аз он ки фарде низомӣ бошад, фарде мазҳабӣ талаққӣ мешавад ва интизори мардуми Афғонистон ин буд, ки вай монеъ аз куштори мардум аз сӯи гурӯҳи Толибон шавад.

Аммо ин гурӯҳ барои тасбити мавқеъияти худ дар Афғонистон, ду роҳбурди ҳамалот ва инфиҷорҳои хунин дар шаҳрҳои бузург ба хусӯс Кобул ва ҳамчунин талош барои тасарруфи шаҳрҳо, рӯстоҳо ва посгоҳҳои давлатиро бо ҷиддият дунбол мекунад.

Гуфта мешавад, гурӯҳи Толибон қасд дорад, пойгоҳи худро аз Покистон ба вилояти Ҳилманди Афғонистон мунтақил кунад. Ин ба-дон маъно аст, ки Покистон таҳти фишорҳои Ғарб эҳтимолан аз Толибон хостааст, то бо хориҷ шудан аз Покистон ҳавзаи ҷуғрофиёӣ барои худ дар Афғонистон таъриф кунад.

Вилояти Ҳилманд, ки беш аз 90 дарсад маводи мухаддири ин кишвар дар ин вилоят тавлид ва тавзеъ мешавад, мавриди назари Толибон қарор дорад, то бо тасарруфи ин вилоят ба манбаи даромади тазминӣ аз роҳи қочоқи маводи мухаддир даст ёбад.

Бархе маҳофили сиёсӣ ва амниятӣ дар Афғонистон бар ин боваранд, гурӯҳи Толибон аз сӯи эҷодкунандагони он, яъне Покистон ва бархе кишварҳои арабӣ ва ҳатто Амрико таъмин мешавад ва акнун дарсадад аст, бо тасарруфи Ҳилманд нишондиҳад, ки аз мавқеъият ва пойгоҳи муносибе ба лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ бархӯрдор аст.

Ҳарчанд Амрико ахиран эълом кард, ки Толибонро ҳадаф қарор медиҳад ва Барак Обама-раисиҷумҳури ин кишвар низ дастури мушорикати нерӯҳои Амрико дар амалиёти зидди Толибонро содир кард, аммо аз дидгоҳи маҳофили сиёсӣ ва амниятӣ дар Афғонистон пешравиҳо ва ҳамалоти хунбори Толибон дар Афғонистон баёнгари иҷрои барномае ҳадафманд дар Афғонистон аст, ки мумкин аст аз сӯи Амрико дар ҳоли мудирият бошад.

Ин дар ҳоле аст, ки маҳофили мухталиф дар Афғонистон бар-ин эътиқоданд, ки Амрико дар чорчӯби Паймони амниятӣ бо давлати Афғонистон бояд, монеъ аз пешравиҳои Толибон шавад.

Дар ҳар ҳол аз дидгоҳи нозирони буҳрони сиёсӣ, ки ахиран бо ошкор шудани ихтилофоти Муҳаммад Ашраф Ғанӣ-раисиҷумҳурӣ ва Абуллоҳ Абдуллоҳ-раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон шиддат гирифтааст, ба тақвияти мавқеъияти Толибон дар ин кишвар ва ташдиди ҳамалоти он кӯмак мекунад. Зеро барандаи буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон Толибон аст, ки мекушад бо таблиғи нокоромадии он барои ҳалли мушкилоти мардум мавқеъияти худро беҳбуд бахшад.

 

Барчасп