Афзоиши теъдоди қурбониёни оташсӯзии ҷанглҳои Калифорния
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24597
Идораи ҷанглдории иёлати Калифорнияи Амрико аз ҷон бохтани 40 нафар бар асари оташсӯзӣ дар ҷанглҳои ин иёлат то рӯзи шанбе хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 15, 2017 10:39 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди қурбониёни оташсӯзии ҷанглҳои Калифорния

Идораи ҷанглдории иёлати Калифорнияи Амрико аз ҷон бохтани 40 нафар бар асари оташсӯзӣ дар ҷанглҳои ин иёлат то рӯзи шанбе хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, шӯълаҳое ки ҳамчунон забона мекашанд, то кунун ҳазорон хонаро ба хокистар табдил карда ва сабаби тахлияи ҳудуди сад ҳазор хона шудааст.

Пештар мақомоти амрикоӣ, талафоти ин оташсӯзиро 15 нафар эълом карда буданд.

Ҷерри Броун фармондори Калифорния рӯзи сешанбе дар манотиқи Напа, Сонома ва Юбаи ин иёлати ҳолати фавқулодда эълом кард.