Қатли оми мусулмонон дар масҷиде дар Африқои Марказӣ
(last modified Sun, 15 Oct 2017 08:41:23 GMT )
Октябр 15, 2017 13:41 Asia/Dushanbe
  • Қатли оми мусулмонон дар масҷиде дар Африқои Марказӣ

Шӯришиён масеҳии вобаста ба шибҳинизомиёни Анти-Балака, 25 мусулмонро дар дохили масҷиде дар шаҳраки Кимби воқеъ дар ҷануби ҷумҳурии Африқои Марказӣ ба қатл расонданд.

Ба гузориши шабакаи Русия ал-явм, Абдурраҳмон Борно раиси маҷлиси сенои шаҳраки Кимби гуфт, шӯришён дар аввали субҳ ба масҷиди ин шаҳрак юриш бурданд ва илова бар қатли 23 нафар, имоми ҷамоати масҷид ва ҳамроҳи вайро эъдом карданд.

Масъулони маҳаллии ин шаҳрак ба муносибати қатл ин мусулмонон, панҷ рӯз азои умумӣ эълом кардаанд.

Ҷумҳурии Африқои Марказӣ аз охирҳои соли 2012 саҳнаи даргириҳои хушунатбори гурӯҳҳои шӯришии масеҳӣ бо мусулмонон аст.

Анти-Балака гурӯҳи шибҳинизомии ифротгарои масеҳӣ аст, ки ҳамзамон бо ба қудрат расидани Мишел Ҷотодия раиси ҷумҳурӣ, дар ҷумҳурии Африқои Марказӣ шакл гирифт.

Мишел Ҷотодия раиси ҷумҳурии муваққати ҷумҳурии Африқои Марказӣ аз 24 марти 2013 то кунун бар маснади қудрат мондааст.