Октябр 17, 2017 16:56 Asia/Dushanbe
  • Кореяи ‌Шимолӣ: Ҳар лаҳза мумкин аст ҷанги атомӣ шуруъ шавад

Намояндаи ҳайъати олии Кореяи ‌Шимолӣ дар Созмони милали муттаҳид ҳамзамон бо размоиши Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ҷанги атомӣ ҳар он мумкин аст, рух диҳад.

Ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Ким Ин Рионг, муовини сафири Кореяи ‌Шимолӣ дар Созмони милали муттаҳид афзуд: Ҷумҳурии демократии халқи Корея танҳо кишвари ҷаҳон аст, ки аз соли 1970 ба ин сӯ, аз тарафи Амрико ҳадафи таҳдиди мустақим ва шадиди атомӣ қарор гирифтааст .

Вай дар идома ҳушдор дод то замоне, ки сиёсати хасмона ва таҳдиди атомии Амрико комилан аз байн наравад, ҷумҳурии демократии халқи Корея ҳаргиз барномаи таслеҳоти атомӣ ва мушакҳои баллистики худро мутаваққиф нахоҳад кард .

Суханони ин мақоми Кореяи ‌Шимолӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Амрикову Кореяи Ҷанубӣ размоиши панҷрӯзаеро дар шибҳҷазираи Корея оғоз кардаанд .

Гуфта мешавад, ин размоиш аз ҷумлаи размоишҳои густардаи Вашингтону Сеул аст .

 

 

Барчасп