Октябр 17, 2017 19:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳабси абад барои намояндаи собиқи ветнамӣ ба ҷурми фасоди молӣ

Ихтилоси 16 миллион долларии як намояндаи собиқи Парлумони Ветнам, ҳукми ҳабси абадро барои ӯ рақам зад.

Ба нақл аз Ирно, Чау Ти Ту Нга, узви собиқи Парлумони Ветнам, ки раёсати ширкате ба номи “Housing Group”-ро низ бар уҳда доштааст, аз соли 2009 шуруъ ба пешфурӯши хонаҳое карда буд, ки ҳечгоҳ сохта нашуданд ва муҷаввиз ҳам барои сохти он содир нашуда буд .

Илова бар ин, қонунгузори собиқи ветнамӣ, ки ба ҳабси абад ва бозгардондани пешпардохтҳо маҳкум шудааст, 9 ҳамдасти ӯ низ ба муҷозоти ҳабси се то ҳафт сол маҳкум шудаанд .

Чау Ти Ту Нгаи 52 сола аз соли 2011 то 2015 узви Парлумони Ветнам буд .

Давлати Ветнам моҳи гузашта низ 51 бонкдор ва тоҷирро ба далели ихтилосҳои густардаи муртабит бо Ушенбанк, ба муҷозотҳои сангине маҳкум кард, ки мудиромили собиқи ин бонк низ ба далели аз даст рафтани миллионҳо доллар ба эъдом маҳкум шуд.

Давлати Ветнам бар асоси барномаи муқобила бо фасод қасд дорад, мақомоти фосиди давлатӣ ва дигари мақомоти расмиро, ки аз маносиби худ сӯиистифода кардаанд, ба сазои корҳояшон бирасонад, то тасвири умумии худро дар афкори умумӣ беҳбуд бахшад .