Афғонистон узви Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид шуд
Афғонистон ба ҳамроҳи 14 кишвари дигар ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид барои як давраи сесола интихоб шуданд.
Ба нақл аз Ирно, бар асоси раъйгирӣ дар саҳни Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид барои дар чаҳор ҳавзаи ҷуғрофиёӣ, дар гурӯҳи кишварҳои африқоӣ чаҳор кишвари Сенегал бо 188 раъй, Ангола бо 187 раъй, Нигерия бо 185 раъй ва ҷумҳурии демократии Конго бо 151 раъй баргузида шуданд .
Дар гурӯҳи Осиё ва Уқёнусия панҷ кишвар довталаб шуданд, ки аз байни онҳо Непал бо 166 раъй, Қатар 155 раъй, Покистон 151 раъй ва Афғонистон бо 130 раъй ба ҷамъи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал муттаҳид пайвастанд ва Малайзия бо касби 129 раъй натавонист орои лозимро ба даст оварад .
Дар гурӯҳи Амрикои Лотин ва дарёи Караиб, Перу бо касби 180 раъй, Мексика 179 раъй ва Чили 175 раъй узвият дар ин шӯроро ба даст оварданд .
Дар ҳавзаи кишварҳои Аврупои шарқӣ Словакия бо 185 раъй ва Украина бо 177 раъй ва дар ҳавзаи кишварҳои ғарбӣ ҳам Испания бо 180 раъй ва Австралия бо 176 раъй тавонистанд ба Шӯрои ҳуқуқи башар роҳ ёбанд .
Мақарри доимии Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид дар Женева аст ва шӯрои ҷадид дар нахустин ҷаласа, раиси худро таъин хоҳад кард .