Октябр 17, 2017 21:40 Asia/Dushanbe

Вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе дар поёни нишасти Люксембург бо интишори баёнияе аз идома ёфтани ҳамкорӣ дар чорчуби иҷрои БАРҶОМ ҳимоят карданд.

Мавзеи Иттиҳоди Аврупо дар қиболи БАРҶОМ-ро наметавон сирфан эъломи ҳимоят аз як тавофуқ дар чорчуби ҳанҷорҳои байналмилалӣ арзёбӣ кард. Чун ин баёния ба маънои дифоъ аз ҳамаи он чизест, ки Иттиҳоди Аврупо ба унвони яке аз тарафҳои аслии ташкилдиҳандаи гурӯҳи 1+5 дар бораи он музокира карда ва як санади муътабарро ба вуҷуд овардааст. Бо ин ҳол набояд аз назар дур дошт, ки таҷруба собит кардааст, Аврупо низ чандон қобили эътимод нест .