Октябр 18, 2017 14:09 Asia/Dushanbe
  • “На”-и Русия ба дархости зиддиэронии Натанёҳу

Як рӯзномаи русӣ навишт, Русия дархости режими Исроилро барои худдорӣ аз мушорикат бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳалли масоили Сурия рад кардааст.

Рӯзномаи “Коммерсант”, чопи Маскав бо ишора ба сафари артишбуд Сергей Шайгу, вазири дифои Русия дар раъси ҳайате ба сарзаминҳои ишғолӣ навишт, вай дар бораи авзои Сурияву мубориза бо терроризм бо Авигдор Либерман, вазири ҷанги кобинаи режими саҳюнистӣ гуфтугӯ кард.

“Коммерсант” ба нақл аз як мақоми низомии рус навишт, Сергей Шайгу, дар ин дидор бо ишора ба нақши муассири Эрон дар мубориза бо террористҳо ва ифротгароён дар Сурия, дар бораи чаҳор минтақаи амн дар Сурия, ки бо мушорикати Эрон, Русия ва Туркия эҷод шудааст, низ сухан гуфт.

 Ба навиштаи ин рӯзнома, дар пайи ин изҳорот режими саҳюнистӣ бо мушорикати Теҳрон мухолифат кард, аммо бо вуҷуди ин мухолифат тарафи русӣ бар идомаи ҳамкории Теҳрону Маскав дар тавофуқномаи манотиқи амни Сурия таъкид кард.

Рӯзномаи “Коммерсант” меафзояд, вазири дифои Русия ҳамчунин бар ҳамкории ин кишвар бо ҷумбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Сурия дар тарроҳии бархе амалиёти зиддитеррористӣ таъкид кардааст.

Русия дар ҳоле ба дархости зиддиэронии режими саҳюнистӣ мухолифат кард, ки Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири ин режим низ 10-уми август дар сафар ба Маскав ва дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия натавонист имтиёзе зидди Эрон ва меҳвари муқовимат ба даст оварад.

Исроил дар талош барои барҳам задани равобити мустаҳками Эрону Русия аст, ҳол он ки Теҳрону Маскав бо бархурдорӣ аз манофеи муштарак дар се минтақаи Ховари Миёна, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, ҳамкории роҳбурдии густардае доранд.

 

Барчасп