Октябр 19, 2017 16:49 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди намояндаи Русия аз бетаваҷҷуҳии Амрико ва режими Исроил ба масъалаи Фаластин

Намояндаи доими Русия дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид аз инки намояндагони Амрико ва режими Исроил ба ҷои пардохтан ба масъалаи Фаластин, иддаоҳое дар мавриди Эрон ва БАРҶОМ матраҳ карданд, шадидан интиқод кард.

Ба нақл аз хабаргузории ТАСС, Василий Небензия дар Нишасти Шӯрои амният, ки барои баррасии масоили Ховари Миёна баргузор шуд, ба шиддат аз намояндагони Амрикову режими Исроил интиқод кард .

Вай гуфт: Русия исрор дорад, ки ба таври мушаххас аз забони ҳайъати Амрикову режим Исроил бишнавад, ки чаро онҳо ҳатто калимае аз Фаластин сухан нагуфтаанд, зеро ба ин масъала аслан хушбин нест .

Донни Данон, намояндаи режими саҳюнистӣ ва Ники Ҳейли, намояндаи Амрико дар Созмони милал дар суханрониҳояшон дар Нишасти Шӯрои амният, ба масъалаи Фаластин ишорае накарданд ва ба ҷои он, тамаркузи худро рӯи Эрон қарор доданд.

Намояндаи Русия дар Шӯрои амният ба намояндагони Амрикову режими Исроил гушзад кард, ки мавзуи ҷаласа, мушкилоти Ховари Миёна аст, ки масъалаи Фаластин ҳам шомили он мешавад .

 

Барчасп