Интишори санади Вазорати хориҷаи Англия дар бораи корбурди номи Халиҷи Форс
(last modified Thu, 19 Oct 2017 11:59:05 GMT )
Октябр 19, 2017 16:59 Asia/Dushanbe
  • Интишори санади Вазорати хориҷаи Англия дар бораи корбурди номи Халиҷи Форс

Сафири Эрон дар Лондон аснодеро марбут ба Вазорати умури хориҷаи Англия мунташир кард, ки ҳовии дастуруламали ин вазоратхона ба мақомоти расмии ин кишвар дар бораи корбурди номи саҳеҳи Халиҷи Форс аст.

Ин аснодро Ҳамиди Баидинажод дар паёме дар канали телеграмии худ гузоштааст .

Сафири Эрон дар Лондон навиштааст: Бар асоси асноди маҳрамонаи хориҷшуда аз архиви Вазорати хориҷаи Англия, ҳаштуми майи 1978 дастуруламале ба мақомоти ин кишвар дар бораи ба коргирии номи саҳеҳи Халиҷи Форс содир шудааст .

Ба гуфтаи вай, дар ин дастуруламал қайд шуда, ин масъала бо дар назар гирифтани шароити сиёсии равобити ин кишвар бо кишварҳои арабӣ ва ҳассосияти ҷиддии мардуми Эрон нисбат ба ин мавзуъ содир шудааст .

Тибқи асноди Вазорати хориҷаи Англия, номи саҳеҳи ин қаламрави обӣ Халиҷи Форс аст ва ба кор бурдани ҳар унвони дигаре, тавҳини ҷиддӣ ба эрониён маҳсуб шуда ва дар мукотибот бо тарафҳои эронӣ ҳаргиз набояд аз иборате дигар истифода шавад .

Раисҷумҳури Амрико, ҷумъа гузашта 13 октябр дар изҳороте хасмона ва зидди эронӣ аз Халиҷи Форс бо номе ҷаълӣ ёд кард, ки бо хашми эрониён ва вокуниши коршиносону расонаҳои муътабари ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуд .