Октябр 21, 2017 10:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподҳои амрикоӣ 12 кушта барҷой гузошт

Ҳамлаи паҳподҳои амрикоӣ ба минтақаи марзии Афғонистону Покистон 12 кушта барҷой гузошт.

Ба гузориши манобеи расмии Покистон, паҳподҳои амрикоӣ дирӯз минтақаи марзии Хуш Карами Афғонистонро бомбаборон карданд, ки бар асари он 12 нафар кушта шуданд.

Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда, паҳподҳои артиши Амрико дар се ҳафтаи гузашта дастикам 70 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд, ки бар асари ин ҳамалот танҳо тайи рӯзҳои ахир 30 нафар дар манотиқи ҳаммарзи Покистону Афғонистон кушта шуданд.

Покистон ҳамвора ба ҳамлаи паҳподҳои амрикоӣ эътироз кардаву онро нақзи ҳокимияти худ талаққӣ кардааст.

 

Барчасп