Октябр 21, 2017 11:58 Asia/Dushanbe
  • Кобул ҳадафи ҳамалоти ракетӣ қарор гирифт

Пойтахти Афғонистон соати шаши субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ ҳадафи шиллики чанд ракета қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Синхуа, шиллики ду ракета ба маркази шаҳри Кобул боиси тарсу ваҳшати сокинони ин минтақа шуд.

Дар пайи шиллики ин ду ракета дар наздикии маҳалли истиқрори низомиёни хориҷӣ, дар маркази шаҳри Кобул, аз мақарри НАТО ва бархе сафоратхонаҳои хориҷӣ занги огоҳии хатар шунида шуд.

Ҷузъиёти бештаре аз ин ҳамлаи ракетӣ мунташир нашудааст.

Дирӯз ҳам бар асари инфиҷорҳои паёпай дар ду масҷид дар ғарби Кобул ва ноҳияи Ду-Лайнаи вилояти Ғури Афғонистон беш аз ҳафтод намозгузор ба шаҳодат расиданд ва шумори дигаре низ захмӣ шуданд.

 Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамалоти террористиро бар ӯҳда гирифт.

 

Барчасп