Октябр 21, 2017 14:02 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ойини гиромидошти Ҳофиз дар Лаҳистон

Ойини гиромидошти Ҳофизи Шерозӣ бо ҳузури донишҷӯёни бахши эроншиносӣ ва забону адабиёти форсии Донишгоҳи Варшава ва эрониёни муқими Лаҳистон дар шаҳри Варшава баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузори Садо ва Симои Эрон, Ромини Меҳмонпараст, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Лаҳистон дар ин ойин рушди адабиёт, забони форсӣ ва эроншиносӣ дар Лаҳистонро заминасози тавсеа ва густариши равобити ду кишвар баршумурд.

Дар идома донишҷӯёни эроншиносии Донишгоҳи Варшава бо иҷрои намоиш ва хондани ашъоре аз Ҳофиз, дар бораи фарҳанг ва суннатҳои Эрон суханронӣ карданд.

 Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, шоири бузурги садаи ҳаштуми Эрон (қарн чаҳордаҳуми мелодӣ) ва яке аз суханварони номии ҷаҳон аст, ки бештари ашъораш ғазал аст, ки ба “Ғазалиёти Ҳофиз” шӯҳрат дорад.

 

Барчасп