Октябр 21, 2017 14:55 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи давлати Амрико барои душвор кардани вуруди хонаводаҳои муҳоҷирон

Давлати Амрико дар ҳоли баррасии тарҳе барои душвор кардани вуруди хонаводаҳои муҳоҷирон ба ин кишвар аст.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, дар ин тарҳ барномае, ки ба аъзои хонаводаи муҳоҷирони аз қабл сокиншуда дар ин кишвар иҷоза медиҳад ба онҳо пайванданд, мутаваққиф хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, бо иҷрои ин тарҳ хонаводаҳои муҳоҷирон дар Амрико мавриди баррасиҳои амниятии шадид қарор мегиранд.

 Ҳамчунин мумкин аст истифода аз баррасиҳои амниятии шадид дар бархе дастгоҳҳои федералии ин кишвар густариш ёбад.

Давлати Амрико ҳамчунин дар ҳоли баррасии густариши табақабандии муҳоҷироне аст, ки бояд ангуштнигорӣ шаванд.

Дар ин сурат пазириши муҳоҷирон ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш хоҳад ёфт ва онҳоеро ҳам, ки қасди сафар ба Амрикоро доштаанд, бо вазъи душворе рӯбарӯ хоҳад кард.

Мақомоти амрикоӣ то кунун аз изҳори назар дар хусуси ин тарҳ худдорӣ кардаанд.

Доналд Трамп барои мамнуияти вуруди муҳоҷирон ба Амрико то кунун 3 фармони муҳоҷиратӣ содир карда, ки бо мухолифатҳои густурдае мувоҷеҳ шудааст.

 

Барчасп