Октябр 22, 2017 12:56 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Трамп бо интишори асноди террори Ҷон Ф. Кеннеди

Раиси ҷумҳурии Амрико бо интишори асноди террори раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар мувофиқат кард.

Ба гузориши ИРНА, Доналд Трамп дар эълом кард, иҷоза медиҳад файлҳои марбут ба террори Ҷон Ф. Кеннеди (John F. Kennedy) раиси ҷумҳурии пишини ин кишвар аз ҳолати маҳрамона хориҷ шавад.

Трамп бо ишора ба асноди марбут ба террори Ҷон Ф. Кеннеди дар соли 1963 навишт, ба шарти дарёфти иттилооти бештар мувофиқат мекунад то файлҳои марбут ба вай, ки аз муддатҳо қабл маҳрамона шудааст, боз ва ғайрмҳрмона шавад.

Беш аз се ҳазор санади марбут ба террори Ҷон Ф. Кеннеди, ки то кунун мушоҳида нашуда, қарор аст мунташир шавад.

Ҷон Ф. Кеннеди сиюпанҷумин раиси ҷумҳурии демократи Амрико, соли 1963 савор бар худрави рӯбоз дар Далласи Техас аз ноҳияи сар ҳадафи тир қарор гирифт ва кушта шуд.

Бо вуҷуди гузашти солҳо аз террори Ҷон Ф. Кеннеди, ҳануз ибҳомоти зиёде дар мавриди террори вай вуҷуд дорад.

 

Барчасп