Октябр 22, 2017 15:46 Asia/Dushanbe
  • Назарсанҷӣ аз амрикоиҳо дар бораи иртибот Ислом ва хушунат

Ҳудуди ниме аз шаҳрвандони Амрико бар ин боваранд, ки дини Ислом нақше дар тарвиҷи хушунат дар ҷомеаи Амрико надорад.

49 дарсад аз посухгӯён дар назарсанҷии Маркази таҳқиқотии Пив (Pew Research Center) аз шаҳрвандони Амрико дар бораи иртиботи ислом ва хушунат таъкид карданд, ки мӯътақиданд дини Ислом дар тарвиҷи хушунат дар ҷомеаи Амрико нақше надорад

Ин назарсанҷӣ ба равиши мусоҳибаи телефонӣ бо ду ҳазору 504 нафар анҷом шуд.

Роҳбурди исломҳаросӣ ва муаррифии ин дин ба унвони тарвиҷдиҳандаи хушунат, дар ҷомеаи ғарбӣ ба вижа Амрико аз ҷанбаи таблиғоти сирф хориҷ шуда ва ба зерсохтҳои ба истилоҳ фикрӣ ва илмӣ-фарҳангии ин ҷавомеъ густариш ёфтааст.

Мутолиоти ғарбиҳо ҳокӣ аз тавонмандии тафаккури исломӣ барои таҳдиди манофеи номашрӯъи Ғарб дар ҷаҳон аст; Аз ин рӯст, ки ғарбиҳо ба муқобила бо Ислом бо равишҳои мухталиф аз ҷумла исломҳаросӣ бархостаанд.

 

Барчасп