Ереванӣ: Эрон ҳар гуна хушунат алайҳи мусулмононро маҳкум мекунад
(last modified Sat, 16 Mar 2024 05:40:37 GMT )
Март 16, 2024 10:40 Asia/Dushanbe
  • Ереванӣ: Эрон ҳар гуна хушунат алайҳи мусулмононро маҳкум мекунад

Амирсаъиди Ереванӣ-сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал эълом кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шиддат ҳар гуна суханони нафратангез, табъизомез, ҳамлаҳои террористӣ ва хушунат алайҳи мусулмонон, эътиқодот, усул ва муқаддасоти мусалмононро маҳкум мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Амирсаиди Ереванӣ-сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа дар нишасти бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо исломҳаросӣ гуфт: «зимни ибрози нигарони шадид аз густариши ҳушдордиҳандаи шабакаи маъракаҳои зиддиисломӣ аз ҷумла аз тариқи расонаҳо ва  расонаҳои иҷтимоӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шиддат ҳар гуна суханони нафратангез, табъизомез, ҳамалот террористӣ ва хушунат алайҳи мусулмонон, эътиқодот, усул ва муқаддасоти мусалмононро маҳкум мекунад.

 Вай таъкид кард: Чунин иқдомот ва сиёсатҳои дар ҳар куҷо, ки бошанд, таъсироти мухаррибе бар ҳама мусулмонон дар ҳар куҷои ҷаҳон хоҳанд дошт, ба вежа мусулмононе, ки дар мавқеиятҳои осебпазир монанди таҳти ишғоли хориҷи ё дар ақаллият зиндагӣ мекунанд.

  Ереванӣ афзуд: Дар ин росто ҷаҳон ҳамчунон шоҳиди таҷовузоти рӯзона алайҳи фаластиниёне аст, ки сарзаминашон дар ишғол аст ва Исроил ба унвони як режими ишғолгар бо ҳамкории муттаҳидони худ талоши бешармонае барои ҳақбарории тамоми ҷиноёт ва иқдомоти опартайди худ аз тариқи эҷоди иртиботи мустақим байн ислом ва терроризм анҷом медиҳад.

 Вай идома дод: На танҳо Ислом куштори ғайринизомиён бегуноҳро мамнуъ карда, балки терроризм ва ифротгароии хушунатомези мунҷар ба терроризмро наметавон ва набояд бо ҳеҷ дин, миллият, тамаддун ё гурӯҳи қавмӣ муртабит донист.

  Ереванӣ дар поён гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз ҳомиёни қатъномаи 76/254, мусаммам аст ба ҳимояти худ аз талошҳо барои мубориза бо исломҳаросӣ ва ифротгароии вобаста ба дин идома диҳад.

 Созмони Милал дар соли 2022 бо судури қатъномае (76/254) 15 март (25 исфанд)-ро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии муқобила бо исломҳаросӣ таъйин ва номгузорӣ кард, ки ин тасмим нуқтаи срнавиштсозе дар мубориза бо исломҳаросӣ дар сатҳи байналмилалӣ аст.