Октябр 22, 2017 21:50 Asia/Dushanbe
  • Тиллерсон хабар дод: Ҳимояти Арабистон аз роҳбурди зидди эронии ҷадиди Амрико

Вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, шоҳи Саудӣ аз роҳбурди раисҷумҳури Амрико зидди Эрон ҳимояти густарда мекунад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алҳадас, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико дар нишасти хабарии муштарак бо Одил Алҷабир, вазири умури хориҷаи Арабистон дар Риёз афзуд, Салмон ибни Абдулазиз, шоҳи Саудӣ ҳимояти шадиди худро аз сиёсати давлати Амрико алайҳи сиёсатҳои Эрон дар минтақа иброз кард .

Вазири умури хориҷаи Амрико тасреҳ кард, дар дидор бо шоҳи Арабистон тасмимоти зиёде иттихоз шуд, ки барои амалӣ кардани ин тасмимот талош хоҳад шуд .

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи шанбе дар чорчуби сафари давраии худ ба минтақа вориди Арабистон шуд ва имрӯз бо Малик Салмон, шоҳи Арабистон дидору гуфтугӯ кард .

Пирӯзиҳои қотеи ахир алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқу Сурия бо ҳамкории Эрон, ҳаҷмаи Вашингтону Риёзро ба нақши Эрон дар мубориза бо терроризми минтақа ташдид кардааст .

Амрикову Арабистон бар асоси асноди фаровоне, ба ҳимояти молӣ ва иттилоотӣ аз шаклгирӣ ва тақвияти ДИИШ муттаҳаманд .