Марокизи ДИИШ дар Ҷузҷон ба дасти Толибон афтод
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24850-Марокизи_ДИИШ_дар_Ҷузҷон_ба_дасти_Толибон_афтод
Манобеи амниятӣ дар шимоли Афғонистон эълом карданд, гурӯҳи Толибон бо ҳамла ба маркази ДИИШ дар вилояти Ҷузҷон, мақарри ин гурӯҳи террористиро тасарруф кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 23, 2017 09:26 Asia/Dushanbe
  • Марокизи ДИИШ дар Ҷузҷон ба дасти Толибон афтод

Манобеи амниятӣ дар шимоли Афғонистон эълом карданд, гурӯҳи Толибон бо ҳамла ба маркази ДИИШ дар вилояти Ҷузҷон, мақарри ин гурӯҳи террористиро тасарруф кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Ҳикматуллоҳ Эминзода, сухангӯи полиси Ҷузҷон гуфт, минтақаи Чақма- чуқури ноҳияи Қуштеппаи вилояти Ҷузҷон аз як соли гузашта мақарри ДИИШ дар ин ноҳия буд, аммо шаби гузашта ба тасарруфи Толибон даромад.

Вай афзуд, дар ҳамлаи Толибон ба марокизи ДИИШ дар Қуштеппа дар вилояти Ҷузҷон, беш аз 10 узви ин гурӯҳи террористӣ кушта шуданд.

Сухангӯи полиси Ҷузҷон гуфт, даргириҳо миёни аъзои Толибон ва гурӯҳи террористии ДИИШ ҳамчунон идома дорад.

Пеш аз ин низ борҳо Толибон бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар манотиқи мухталифи вилояти Ҷузҷон даргир шуда буд.