Октябр 23, 2017 15:51 Asia/Dushanbe
  • CIA барои куштани сарони Толибон тими вижа ба Афғонистон ме‌фиристад

Мақомоти Ожонси иттилооти марказии Амрико (CIA) мегӯянд, қарор аст ин созмон тими вижаеро барои куштани раҳбарони Толибон ба Афғонистон бифиристад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” ба нақл аз мақомҳои созмони CIA навишт, эъзоми тими вижа барои куштани раҳбарони Толибон бахше аз стратегияи ҷадиди Амрико дар Афғонистон аст.

 Ин рӯзномаи амрикоӣ афзудааст, ин тими вижа дар канори нерӯҳои вижаи афғон, раҳбарону фармондеҳони Толибонро ҳадаф қарор хоҳанд дод, аммо Созмони иттилооти марказии Амрико ин гузоришро рад ё таъйид накардааст.

Генерал Ҷон Николсон, фармондеҳи умумии нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон рӯзи якшанбе ба Толибон ҳушдор дод, дар зимистони пеширӯ ба шиддат саркӯб хоҳанд шуд.

Генерал Николсон, ки ба вилояти Қандаҳор сафар карда буд, дар нишасте бо масъулони амниятӣ ва дифоии Қандаҳор таъкид кард, нерӯҳои хориҷӣ ҳамалоти ҳавоии худро ба мавозеи гурӯҳҳои террористӣ афзоиш хоҳанд дод.

Ниҳодҳои амниятиву дифоии Афғонистон то кунун гузоришҳо дар бораи эъзоми тими вижаи созмони CIA ба Афғонистонро таъйид ё рад накардаанд.