Октябр 23, 2017 16:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳинд: Миёнмор бояд муҳоҷирони Руҳингиёро пас бигирад

Вазири умури хориҷаи Ҳинд рӯзи душанбе дар як баёнияи матбуотӣ дар Дакка, пойтахти Бангладеш гуфт, Миёнмор бояд муҳоҷирони Руҳингиёро пас бигирад.

Ба гузориши Ирна, Сушма Свараҷ, вазири умури хориҷаи Ҳинд зимни ибрози нигаронӣ аз идомаи хушунатҳо дар Миёнмор гуфт, шароити оддӣ дар Миёнмор танҳо бо бозгашти муҳоҷирон ба ин кишвар барқарор хоҳад шуд.

Свараҷ таъкид кард, танҳо роҳи ҳал барои барқарории сулҳу субот дар иёлати Рохин тавсеаи босуръати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва зерсохтӣ аст, ки тамоми ақшори ҷомеаро шомил шавад.

Вазири умури хориҷаи Ҳинд, ки рӯзи якшанбеи вориди Бангладеш шуд, бо Шайх Ҳусайна, нахуствазир ва Абулҳасан Маҳмуд Алӣ, вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор кард.

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар гузорише эълом кард, теъдоди паноҳҷӯёни руҳингиёӣ, ки дар ду моҳи гузашта вориди минтақаи марзии Коксбозор дар Бангладеш шудаанд, ба 590 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

 Ақаллияти нажодии Руҳингиё, ки мусалмон ҳастанд, дар вилояти Рохини Миёнмор аз соли 2012 ҳадафи ҳамлаи буддоиёни тундрав қарор гирифтаанд ва бо ташдиди ин ҳамалот ва пайвастани нерӯҳои артиш ба тундравҳо, авзои мусалмонон вахимтар низ шудааст.