Ҳимояти Британия аз сармоягузории хориҷӣ дар Эрон
Вазири умури хориҷаи Британия бо ҳимоят аз сармоягузорӣ дар Эрон, тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ-ро ба суди амнияти кишварҳои ғарбӣ донист.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, Борис Ҷонсон, дар суханонаш дар андешкадаи Чатам Ҳовс таъкид кард, набояд Эрон канор гузошта шавад, балки бояд тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ барои амнияти ғарб ҳифз шавад, албатта ин тавофуқ ба нафъи Эрон низ ҳаст.
Ӯ дар бораи идомаи ҳимояти давлати Британия аз сармоягузории хориҷӣ дар Эрон гуфт: То замоне, ки Эрон ба тавофуқ пойбанд бошад, сармоягузории иқтисодӣ дар ин кишвар, бахше аз тавофуқ ба шумор меравад .
Вазири умури хориҷаи Британия афзуд: Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз БАРҶОМ хориҷ нашуда, онро ба дур наандохта ва ба таълиқи таҳримҳои Эрон идома додааст .
Ҷонсон дар бораи Кореяи Шимолӣ ҳам гуфт, ин кишвар токунун 19 озмоиши мушакӣ ва чаҳор озмоиши атомӣ анҷом додааст ва ба зудӣ қодир хоҳад буд, то Амрико мушаки қоррапаймо шиллик кунад .
Вазири умури хориҷаи Британия афзуд, ҳеч кишваре хоҳони ҳамлаи низомӣ ба Кореяи Шимолӣ нест, аммо ин масъала бояд аз лиҳози назарӣ ҷузъи гузинаҳои рӯи миз бошад .