Октябр 25, 2017 21:10 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши тунди Маҷлиси Сенати Покистон ба Амрико

Раиси Маҷлиси Сенати Покистон суханони вазири умури хориҷаи Амрикоро алайҳи Исломобод густохона хонд.

Ба нақл аз Ирно, Ризо Раббонӣ, раиси Маҷлиси Сенати Покистон ҳамчунин аз Хоҷа Осиф, вазири умури хориҷаи ин кишвар хост, дар саҳни маҷлис ҳозир шавад ва дар бораи мутолиботи тозаи вазири умури хориҷаи Амрико аз Покистон ба намояндагон тавзеҳ диҳад .

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико дар сафар ба Исломобод бо такрори суханони Доналд Трамп гуфт, террористҳо дар Покистон амният доранд .

Раисҷумҳури Амрико рӯзи 21 август дар роҳбурди ҷадиди худ, Покистонро паноҳгоҳе амн барои террористҳо хонда буд, ки ин мавзуъ хашми мақомоту мардуми ин кишварро барангехт ва таниши миёни ду кишвар боло гирифт .

Вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе бо истиқболи сарди мақомҳои покистонӣ вориди Исломобод шуд ва як ҳайъати сатҳи мутавассит аз Вазорати умури хориҷаи Покистон аз ӯ истиқбол кард .

Пас аз он низ Шоҳид Хоқон Аббосӣ, нахуствазир, Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири умури хориҷа, Хуррам Дастгирхон, вазири дифоъ, генерал Қамар Ҷовид Боҷво, фармондеҳи нерӯи заминии артиш ва сипаҳбад Навид Мухтор, раиси Созмони иттилооти артиши Покистон (ISI) ба таври муштарак бо вазири умури хориҷаи Амрико дидор карданд .

Ин дар ҳолест, ки дар дипломатияи Исломобод маъмул нест, ки вазири умури хориҷаи Амрико дар як замон бо се мақоми сиёсии Покистон дидор кунад .