Октябр 26, 2017 13:39 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати патент дар Маскав ва тарҳи коҳиши тадриҷии коргарони муҳоҷир

Ба гузориши сайти сайти “Ахбор”, Думаи шаҳри Маскав рӯзи 25-уми октябр қимати патент барои муҳоҷиронро 4500 рубл барои як моҳ муқаррар кардааст. То кунун қимати патент дар Маскав 4200 рубл буд.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ҳадаф аз ин иқдомро коҳиши вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ барои кор ба Маскав унвон кардааст.

Ҳарчанд вай хостаи худро ҷойгузин кардани сокинони бумии Маскав ба ҷойи коргарони муҳоҷир эълом кардааст, аммо дар ҳамин ҳол низ эътироф кардааст, ки сокинони бумии пойтахти Русия наметавонанд ҷойи холии коргарони муҳоҷири хориҷиро пур кунанд ва барои анҷоми корҳое, ки муҳоҷирони корӣ машғуланд, ҳозир ҳам нестанд.

Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав, дар ҳоли ҳозир ин шаҳр ба ду миллион коргар ниёз дорад, ки дар сурати пур шудани ин ҷойи холӣ бо сокинони бумии пойтахти Русия, боз ҳам муҳтоҷи коргарони муҳоҷири хориҷӣ ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир 20 ҳазор сокини бумии Маскав дархости кор додаанд, вале ниёзи мубрам ба ҷазби 170 ҳазор нафар коргар вуҷуд дорад.

Сергей Собянин таъкид кардааст, даромади ин шаҳр аз фурӯши патент ва иҷозатномаи кор ба коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, узбакистонӣ ва украинӣ аз молиёти пардохтии ширкатҳои нафтӣ ҳам судовартар будааст.

Даромади фурӯши муҷаввизи кор ба коргарони муҳоҷири ин се кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол ба шаш миллиарду 800 миллион рубл расида, ки ду баробари молиёти пардохтии ширкатҳои нафтӣ аст.

Дар айни ҳол, шаҳрдори Маскав муътақид аст, бояд ба тадриҷ барномаи ҷазби сокинони бумии шаҳри Маскав барои кор дар идороту созмонҳо, ширкатҳо, марокизи тиҷорӣ ва хадамоти шаҳриро амалӣ кард то вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба пойтахти Русия коҳиш ёбад.

Мақомоти шаҳри Санк – Петербург низ эълом кардаанд, аз соли нави мелодӣ қимати патентро 500 рубл афзоиш хоҳанд дод ва муҳоҷирони кории хориҷӣ муваззаф ба пардохти моҳона сеҳазору 500 рубл ба унвони ҳазинаи дарёфти ин муҷаввиз хоҳанд шуд, дар ҳоле ки қаблан ин маблағ се ҳазор рубл буд.

Мақомоти Вазорати кор, муҳоҷират ва умури иҷтимоии Тоҷикистон теъдоди коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русияро зери як миллион нафар эълом кардаанд.