Иддаои аҷиби Трамп дар бораи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24947-Иддаои_аҷиби_Трамп_дар_бораи_Созмони_Тиҷорати_Ҷаҳонӣ
Раиси ҷумҳурии Амрико муддаӣ шуд, Созмони Тиҷорати ҷаҳонӣ (World Trade Organization) бо ҳадафи баҳракашӣ аз Амрико ташкил шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 26, 2017 11:16 Asia/Dushanbe
  • Иддаои аҷиби Трамп дар бораи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ

Раиси ҷумҳурии Амрико муддаӣ шуд, Созмони Тиҷорати ҷаҳонӣ (World Trade Organization) бо ҳадафи баҳракашӣ аз Амрико ташкил шудааст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Факс Бизнесс”, Доналд Трамп дар иддаои аҷиб гуфт, СТҶ ё WTO барои манфиати ҳамаи тарафҳо ғайр аз Амрико ташкил шудааст.

Трамп изофа кард, Амрико дар тамоми шикоятҳо дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ мағлуб мешавад, чун камтар аз дигарон дар он ҷо қозӣ дорад.