Мавзеъгирии зиддиэронии Конгресси Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24964-Мавзеъгирии_зиддиэронии_Конгресси_Амрико
Конгресси Амрико бо 423 раъйи мувофиқ ва ду раъйи мухолиф тарҳи иҷрои таҳримҳои ҷадид алайҳи барномаи мушакии Эронро ба тасвиб расонд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 27, 2017 14:17 Asia/Dushanbe
  • Мавзеъгирии зиддиэронии Конгресси Амрико

Конгресси Амрико бо 423 раъйи мувофиқ ва ду раъйи мухолиф тарҳи иҷрои таҳримҳои ҷадид алайҳи барномаи мушакии Эронро ба тасвиб расонд.

Ба гузориши ИРНА, тарҳи мавсум ба “Қонуни мушакҳои баллистикии Эрон ва иҷрои таҳримҳои байналмилалӣ», ки Эд Роис, намояндаи ҷумҳурихоҳ ироа карда, мустақиман таҳрими тозае алайҳи барномаи мушакии Эрон эъмол намекунад, аммо роҳро барои таҳримҳои ҷадиди Ҳукумати Амрико боз мекунад. Ин тарҳ, ки бояд пас аз Конгресс дар Сенати Амрико низ ба тасвиб бирасад, Ҳукумати Амрикоро муваззаф мекунад, тайи 90 рӯз пас аз табдили ин тарҳ ба қонун гузорише дар мавриди «занҷираи таъмин» ва афроду ширкатҳое, ки барномаи мушакии Эронро пуштибонӣ ё кумак карда бошанд, ба Конгресс ироа кунад. Ин тарҳ ҳамчунин Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро муваззаф мекунад, афродеро, ки ба барномаи мушакии Эрон кумак карда, таҳримҳои мушакӣ ва таслиҳотии Эронро нақз кардаанд, дар феҳристи таҳрим қарор диҳад.

Дар пайи вокунишҳои ҷаҳонӣ ба рӯйкарди зиддибарҷомии Трамп Вашингтон талош мекунад, ин рӯйкардро бо мавзӯоти дигаре, аз ҷумла барномаи дифоӣ-мушакии Эрон идома диҳад.