Содироти нафти Эрон ба Русия; ба зудӣ
(last modified Sat, 28 Oct 2017 07:45:56 GMT )
Октябр 28, 2017 12:45 Asia/Dushanbe
  • Содироти нафти Эрон ба Русия; ба зудӣ

Муовини вазири нафти Эрон эълом кард, мушкилоти бонкии марбут ба содироти нафти Эрон ба Русия ҳал шудааст ва метавон эътибори аснодӣ (Эл.Си) боз кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Алии Кордар афзуд, содироти нафти Эрон ба Русия дар ояндаи наздик оғоз мешавад ва қарор аст 50 дарсади арзиши содироти Эрон ба шакли евро ва боқӣ низ бар асоси тавофуқи давлатҳои ду кишвар дар қолаби коло ва таҷҳизот дарёфт шавад.

Муовини вазири нафти Эрон дар бораи замони иҷрои ин тарҳ низ гуфт, ин тарҳ пас аз омодасозии муқаддамот ба зудӣ оғоз мешавад.

 Александр Новак, вазири энержии Русия дар моҳи июли соли 2017 эълом кард, воридоти нафти кишвараш аз Эрон дар баробари коло аз тариқи ширкати давлатии “Пром Сирё Импорт “ -и Русия дар ояндаи наздик оғоз мешавад.

 Ба гуфтаи Новак, ду кишвар барои арзаи рӯзона 100 ҳазор бушка нафти Эрон ба Русия ба тавофуқ расидаанд, ки мумкин аст дар қолаби арзаи физикӣ ё СВОП (муовиза) анҷом шавад.