Октябр 28, 2017 17:59 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии вазири дифои Русия аз иқдомҳои НАТО

Вазири дифои Русия аз бадтар шудани авзоъ дар марзҳои шарқии ин кишвар ба хотири иқдомҳои кишварҳои узви НАТО ибрози нигаронӣ кард.

 Ба гузориши хабаргузории ИТАР-ТАСС, Сергей Шайго дар ҷамъи масъулони олирутбаи вазорати дифои ин кишвар гуфт:Ҳассосият ва густурдагии иқдомоти амалиётӣ-низомии нируҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Паймони Атлантикаи шимолӣ(НАТО) наздики марзҳои Русия дар ҳоли афзоиш аст.

 Ӯ бо баёни инки дар се моҳи гузашта беш аз 30 размоиш дар хоки кишварҳои шарқи Аврупо ва минтақаи Балтика баргузор шудааст, таъкид кард: Вазъияти низомиву сиёсӣ дар марзҳои ғарбии Русия вахим ва ҳассос аст ва эҳтимоли шиддати бештари авзоъ низ вуҷуд дорад.

Вазири дифои Русия гуфт: Таъмини силоҳҳои замонавӣ ва фановариҳои низомии тахассусӣ дар дастури кори ин вазоратхона қарор дорад ва дар ҳамин росто то поёни соли 2017 таҷҳизоти низомии нав ва замонавишуда дар ихтиёри нируҳои низомӣ дар ғарби Русия қарор хоҳад гирифт.

НАТО дар шарқи Аврупо бо Русия ба сабаби буҳрони Украина дар таззод аст ва пас аз поёни ҷанги сард, ин робитаҳо дар бадтарин шароит қарор дорад.

 

Барчасп