Октябр 29, 2017 09:46 Asia/Dushanbe
  • Холӣ кардани чаҳор маркази тиҷории Маскав дар пайи таҳдиди бомбагузорӣ

Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, чаҳор маркази тиҷории бузург дар Маскав пас аз интишори хабарҳое бинобар вуҷуди маводи тарканда дар онҳо, тахлия шуданд.

Ба гузориши хабаргузории РИА-Новости, неруҳои амниятии Русия пас аз дарёфти иттилооте дар хусуси эҳтимоли бомбагузорӣ дар чаҳор маркази тиҷории бузург дар Маскав, дар маҳал ҳозир шуданд.

Мақомоти амниятии Русия пештар низ эълом карда буданд, ки дар рӯзҳои ахир 14 шаҳри Русия ҳадафи таҳдидҳои телефонии бомбагузорӣ қарор гирифта, ки ин тамосҳо аз кишварҳои дигар ба вижа Украина будааст.

Мавҷи таҳдидҳои телефонӣ дар Русия, моҳи сентябр оғоз шуд ва берун овардани ҳудуди 650 ҳазор нафар аз марказҳои пурҷамъияти шаҳрҳои мухталиф аз ҷумла Масквро дар пай дошт.