Овозаи вуқӯи кудатои ҷадид дар Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25021-Овозаи_вуқӯи_кудатои_ҷадид_дар_Туркия
Нависанда ва рӯзноманигори рӯзномаи Ҷумҳурият, чопи Туркия аз иддаои эҳтимоли вуқӯи кудатои ҷадид дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 29, 2017 10:37 Asia/Dushanbe
  • Овозаи вуқӯи кудатои ҷадид дар Туркия

Нависанда ва рӯзноманигори рӯзномаи Ҷумҳурият, чопи Туркия аз иддаои эҳтимоли вуқӯи кудатои ҷадид дар ин кишвар хабар дод.

Ҷамил Барлас аз маъруфтарин нависандагони ин рӯзнома шаби гузашта дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер эълом кард, ин кудато эҳтимолан дар моҳи феврали оянда ба вуқӯъ мепайвандад.

Вай муддаӣ шуд, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Амрико бо ҳадафи кашондани Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳурии Туркия ва хонаводаи вай ба пойи мизи муҳокима, яке аз тарроҳони ин кудато бошад.

Гуфта мешавад, ин нависанда ва рӯзноманигор иддаои худро ба овозаҳое ташбеҳ кард, ки пеш аз кудатои нофарҷоми 15 июли 2016 дар Туркия мунташир шуда буд.