Октябр 29, 2017 19:57 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Боқимондаи асноди марбут ба террори Кеннедиро мунташир мекунам

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълом кард: Ҳамаи асноди марбут ба террори Ҷон Ф. Кеннеди, раисҷумҳури асбақи ин кишварро мунташир мекунад.

Доналд Трамп дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт, пас аз машваратҳои дақиқ бо Ҷон Келлӣ, раиси коркунони Кохи ‌Сафед, Созмони иттилооти марказии Амрико CIA ва дигар созмонҳо, тамоми асноди террори Ҷон Ф. Кеннедиро мунташир хоҳад кард .

Трамп таъкид кард, ному адреси афроде, ки ҳануз зинда ҳастанд ва дар ин аснод ба онҳо ишора шудаастро мунташир намекунад .

Раисҷумҳури Амрико афзуд, ин корро барои шаффофсозии комил ва поён додан ба тамоми фарзияҳои тавтеа анҷом медиҳад .

Архиви миллии Амрико бомдоди ҷумъа ҳудуди ду ҳазору 800 санади марбут ба террори Ҷон Ф. Кеннеди, ки токунун маҳрамона боқӣ будаандро мунташир кард .

Ҳаҷми ин аснод панҷ миллион санад аст ва ҳудуди се ҳазор санад аз ин ҳодиса ҳануз мунташир нашудааст.

Ҷон Фитсҷералд Кеннеди, сиву панҷумин раисҷумҳури Амрико буд, ки дар соли 1961 ба раёсатҷумҳурӣ расид ва дар рӯзи 22 ноябри 1963, ҳайни боздид аз шаҳри Даллас дар иёлоти Техас мавриди исобати гулула қарор гирифт ва сипас дар бемористон даргузашт .