Октябр 30, 2017 19:54 Asia/Dushanbe
  • Эътироз ба хушунат алайҳи мусулмонони Роҳингия дар Амрико  

Мардуми Амрико бо баргузории тазоҳуроте муқобили Кохи Сафед, хушунатҳо алайҳи мусулмонони Роҳингияро маҳкум карданд.

Ба нақл аз Ассошиатед Пресс, дар ин тазоҳуроти эътирозӣ, бузургтарин гурӯҳҳои ҳуқуқи башарии мусулмон ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ба ҳамроҳи Шӯрои равобити исломӣ-амрикоӣ, ҷомеаи исломии Амрикои Шимолӣ ва ҷомеаи мусулмонони Амрико ба ҳамроҳи соири гурӯҳҳо ширкат доштанд .

Намояндагони ҷомеаи маданӣ аз гурӯҳҳои мухталиф, аз мақомҳои Мянмар хостанд, то ба хушунат алайҳи мусулмонони Роҳингия поён диҳанд .

Ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот, бо сар додани шиорҳо ва дар даст доштани порчанавиштаҳое аз сукут ва бетафовутии давлати Амрико дар қиболи фоҷеаи инсонӣ дар Мянмар интиқод карданд .

Вашингтон Пост низ дар ин бора навишт, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо гузашти се моҳ дар қиболи фаҷеътарин поксозии қавмии ахири ҷаҳон дар Мянмар сукут карда ва давлати вай ҳеч иқдоме дар ин замина анҷом надодааст .  

Ин дар ҳолест, ки Созмони милал, асноди марбут ба таҷовузҳои гурӯҳӣ, кушторҳо шомили қатли навзодон ва кӯдакон ва ҳамчунин зарбу шатмҳои ваҳшиёнаи роҳингияиҳо дар Мянмарро гузориш додааст .