Октябр 30, 2017 21:42 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Маскав ба иртиботи созмонҳои иттилоотии Шӯравӣ бо қатли Кеннеди

Вазорати умури хориҷаи Русия гамоназании расонаҳои амрикоӣ дар хусуси иртиботи нерӯҳои иттилоотии иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ бо қатли раисҷумҳури собиқи Амрикоро рад кард .

Мария Захарова, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, гамоназаниҳои марбут ба иртиботи қатли Ҷон Ф. Кеннеди, раисҷумҳури пешини Амрико бо нерӯҳои амниятии иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ беасос аст.

Захарова афзуд: Ин мавзуъ бо аҳдофи сиёсӣ тарҳ мешавад ва ин ғайримутамаддинона аст, ки имрӯз бо интишори иттилооти маҳрамонаи қатли Кеннеди пас аз чанд даҳа, туҳматҳои норавову беасос ба Русия зада шавад .

Амрико ба тозагӣ садҳо саҳифа аз асноди махфии террори Ҷон Ф. Кеннеди, сиву панҷумин раисҷумҳури ин кишварро дар даҳаи 60 мунташир кардааст .

Бархе расонаҳои амрикоӣ бо истинод ба ин асноди маҳрамонаи фошшуда, Маскавро ба даст доштан дар қатли Кеннеди муттаҳам кардаанд .