Октябр 31, 2017 10:35 Asia/Dushanbe
  • Фирори вазири покистонӣ аз тариқи Тоҷикистон

Яке аз вазирони ҳукумати Покистон аз тариқи Тоҷикистон аз кишвараш фирор кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, манобеи хабарӣ ва сиёсии Покистон тайид карданд, ки Исҳоқ Дор, вазири хазонадории Покистон пас аз ширкат дар нишасте дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба ватанаш барнагштааст .

Исҳоқ Дор дар Конфронси барномаи ҳамкориҳои минтақаии иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки 27 октябр дар Душанбе баргузор шуд, ширкат дошт .

Гуфта мешавад, вай аз Душанбе роҳии Арабистон шуда ва аз онҷо ба Англия рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеи вазири хазонадории Покистон гуфтааст, ки муваккилаш барои дармони беморӣ ба Лондон рафтааст .

Ин дар ҳолест, ки иқдомоти Исҳоқ Дор дар Покистон, ки аз аъзои аршади Ҳизби Маслими лигаи шохаи Навоз аст, дар чорчуби парвандаи фасоди молии Навоз Шариф, нахуствазири собиқи ин кишвар, таҳти тафтишу баррасии додгоҳӣ аст .

Навоз Шариф ҳам, ки ба иттиҳоми фасоди молии худ ва аъзои хонаводааш аз мақоми нахуствазирӣ барканор шуд, дар Арабистону Британия зиндагӣ мекунад .