Кашфи “хонаи ваҳшат” бо аҷсоди бесар дар Токио
(last modified Tue, 31 Oct 2017 12:46:51 GMT )
Октябр 31, 2017 17:46 Asia/Dushanbe
  • Кашфи “хонаи ваҳшат” бо аҷсоди бесар дар Токио

Пулиси Токио аз хонаи як марди ҷавон нуҳ бадану чанд сари аз тан ҷудо, ки бархе аз онҳо дохили як сандуқ дар даруни яхдон буданд, кашф кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алолам”, дар ин робита пулис як марди 27-соларо, ки дар ин «хонаи ваҳшат» ҳузур дошт, боздошт кардааст.

Тибқи гузориши расонаҳои Ҷопон, Такаҳиро Ширайши (Takahiro Shiraishi), ҷавони 27-солае, ки дар ин хона, дар атрофи Токио ба дасти пулис боздошт шуд, ба пулис гуфтааст, ки агарчи ҷасади қурбониёнро нигоҳ дошта, аммо талош кардааст, то далелҳои қатлҳоеро, ки анҷом додааст, аз байн барад. Ӯ ҳамчунин ба пулис гуфта, ки сари қурбониёнро дар ҳаммом бо арра аз баданашон ҷудо мекардааст. Тибқи гузориши пулиси Токио, аҷсоди кашфшуда шомили ҳашт зану як мард ҳастанд.

Яке аз ҳамсояҳои Такаҳиро Ширайши ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки ҳеҷ садои ғайримаъмулӣ аз он хона нашнидааст, аммо моҳи гузашта бӯи аҷибе аз хона ба машом мерасидааст, ки ӯ гумон кардааст, марбут ба корези хона аст.

Дар ҳоли ҳозир пулис бозҷӯӣ аз Такаҳиро идома медиҳад ва таҳқиқоти тиббӣ-судии ДНК-и аҷсод оғоз шудааст, то ҳувияти қурбониён мушаххас шавад.