Октябр 31, 2017 18:57 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи демократ: Ҷурми бузурге дар интихоботи Амрико рух додааст

Намояндаи Ҳизби демократ ва узви аршади Кумитаи амнияти Конгресси Амрико дар вокуниш ба эъломи ҷурм зидди раиси пешини ситоди таблиғотии Трамп гуфт, ҷурми бузурге иттифоқ афтодааст.

Адам Шифф, намояндаи Ҳизби демократ дар Конгресси Амрико дар гуфтугӯ бо шабакаи CNN ба талоши Пол Манфорт, раиси пешини дастгоҳи таблиғотии Доналд Трамп ва муовинаш Ричард Гитс барои барқарории иртибот бо Русия дар таблиғоти интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 ишора карда гуфт, Манфорт мехост, иттилооти бештареро дар бораи таблиғоти интихоботӣ ба русҳо бидиҳад ва пули бештаре ба даст биёрад. Узви аршади Кумитаи амнияти Конгресси Амрико афзуд, дар дидоре, ки дар Бурҷи Трамп иттифоқ афтода, русҳо ҳам талош карданд, бо Манфорт ва дигар масъулони вақти ситоди интихоботии Трамп дидору гуфтугӯ кунанд. Шифф афзуд, ситоди таблиғотии Трамп огоҳ мешавад, русҳо ҳазорон номаи электронӣ аз Ҳиллари Клинтон дар ихтиёр доранд, ки пештар дуздида шуда ва ин худ гӯёи ин нуктаи муҳим аст, ки чаро писар, домод ва раиси дастгоҳи таблиғотии Трамп бо русҳо дидор доштаанд ва қавли дарёфти иттилооти тахрибкунанда дар бораи Ҳиллари Клинтон ба онон дода шудааст.

Пол Манфорт, раиси пешини дастгоҳи таблиғотии Доналд Трамп пас аз эҳзори қазоӣ дар иртибот ба парвандаи равобит бо Русия дар даврони таблиғоти интихоботии раёсатҷумҳурии соли 2016, рӯзи душанбе ҳамроҳи вакили худ дар дафтари пулиси федералии FBI-и Амрико дар Вашингтон Ди Си ҳозир шуд.