Судури фармони ташдиди контроли вуруди мусофирон ба Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25111-Судури_фармони_ташдиди_контроли_вуруди_мусофирон_ба_Амрико
Раисҷумҳури Амрико дар паи ҳодисаи террористии Манҳеттен, дастури контроли шадид бар вуруди мусофирон ба ин кишварро содир кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 01, 2017 13:29 Asia/Dushanbe
  • Судури фармони ташдиди контроли вуруди мусофирон ба Амрико

Раисҷумҳури Амрико дар паи ҳодисаи террористии Манҳеттен, дастури контроли шадид бар вуруди мусофирон ба ин кишварро содир кард.

Доналд Трамп дар твитте навишт, ба Вазорати амнияти дохилӣ дастур додааст, ки иҷрои барномаи контроли вуруди мусофирон ба ин кишварро ташдид кунад .

Як табааи Узбакистон дирӯз бо мошини боркаш ба чанд дучархасавор ва обири пиёда дар минтақаи Манҳеттени Ню-Йорк ҳамла кард, ки бар асари ин ҳодиса, 10 нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шуданд .

Омили ҳамла, ки бо ДИИШ байъат карда буд, ба зарби гулулаи полис захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуд .

Ҳануз ҳеч гурӯҳе масъуляти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст .