Август 17, 2016 18:18 Asia/Dushanbe
  • Идомаи танқидҳои мақомоти Туркия аз Урупо

Танқиди мақомҳои давлати Анкара аз раҳбарони урупоӣ дар бораи табаддулоти нофарҷоми ахир дар Туркия ҳамчунон идома дорад.

Дар идомаи ин раванд Исмоил Қаҳрамон, раиси парлумони Туркия дар дидор бо сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Урупо дар Анкара гуфт, Урупо дар замони табаддулот Анкараро танҳо гузоштааст. Дар ин иртибот рӯзномаи "Ҳуррият" ба нақл аз Исмоил Қаҳрамон навишт, Иттиҳоди Урупо ба ҷойи қарор гирифтан дар канори мардуми Туркия, дар ҳоле ки онҳо барои ҳифзи арзишҳои демократии худ талош мекарданд, танҳо гузоштани Анкараро дар авлавият қарор дод. Ӯ афзуд, расонаҳои мутааллиқ ба кишварҳои ғарбӣ дар соатҳои аввали табаддулоти нофарҷоми 15 июл  ахбори ҷонибдорона, зишту нодуруст мунташир карданд ва ин масъала боиси эҷоди таассуф дар ҷомеаи Туркия шудааст. Ба гуфтаи ин мақоми Туркия, эъломи вазъи фавқулодда дар кишвар барои дафъи ҳар гуна таҳдид алайҳи демократия, озодӣ ва ҳуқуқи миллат аст. Дар ҳоли ҳозир ин вазъият барои идомаи раванди оддии зиндагии мардум ҳеҷ гуна монеа эҷод накардааст. Ӯ бо баёни ин ки мавзеъҳои сиёсатмадорони урупоӣ дар қиболи табаддулоти 15 июл нокофӣ будааст, гуфт, урупоиҳо натавонистанд ин озмунро ба хубӣ пушти сар бигузоранд. Ба ҳамин далел нигоҳи ҷомеаи Туркия ба Урупо хадшадор шудааст.

Интиқоди раиси парлумони Туркия аз Урупо дар ҳолест, ки пеш аз ин низ дигар мақомҳои турк аз сиёсатҳои Ғарб интиқод карда буданд. Аз ҷумла метавон ба изҳороти моҳи гузаштаи вазири Туркия дар умури Иттиҳоди Урупо  ишора кард. Ба гузориши хабаргузории "Ройтерс", Умар Челик, вазири Туркия дар умури Иттиҳоди Урупо аз муттаҳидони ғарбии кишвараш ба хотири намоянда нафиристодан ба Туркия ба нишони ҳамбастагӣ бо ин кишвар баъд аз инқилоби нофарҷоми ахири низомиёни турк интиқод кард. Вай дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Анкара гуфт: "Тааҷҷуб мекунем, ки муттаҳидони мо барои боздид аз Туркия, ҳатто ҳоло ки як ҳафта аз табаддулот гузаштааст, наомадаанд". Челик дар айни ҳол хотирнишон кард,  Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) маҷбур аст, бо Туркия дар набард бо ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ҳамоҳанг бошад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия низ пештар бо муттаҳам кардани Иттиҳоди Урупо барои мавзеъгириҳои "муғризона" ва "ҷонибдорона" дар қиболи давлати Анкара гуфта буд, масъулони Иттиҳоди Урупо изҳороте дар қиболи табаддулоти низомӣ дар Туркия матраҳ мекунанд, ки зидду нақиз аст. Ба гуфтаи Эрдуғон, онҳо ҷонибдорона ва муғризона амал мекунанд ва ба ин рафтори муғризонаи худро алайҳи Туркия идома медиҳанд.

Ногуфта намонад, ки дар пайи табаддулоти нофарҷоми моҳи июл дар Туркия ва амалиёти поксозии густардаи Эрдуғон мақомҳои урупоӣ такроран ба Анкара дар бораи лузуми пойбандӣ ба усули ҳуқуқи башар дар бораи табаддулотгарон ҳушдор доданд.

Раисҷумҳури Туркия ҳафтаи гузашта низ  бори дигар кишварҳои ғарбиро ба нақш доштан дар табаддулоти нофарҷоми ин кишвар муттаҳам кард. Ба гузориши хабаргузории "Ассошейтед пресс", Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бори дигар кишварҳои ғарбиро ба ҳимоят аз табаддулоти нофарҷоми 15 июл дар ин кишвар муттаҳам кард. Эрдуғон бидуни ишора ба номи ин кишварҳо бо баёни ин ки Ғарб аз терроризм ҳимоят мекунад ва дар канор истодааст, афзуд, он нерӯҳое, ки аз табдил шудани Туркия ба як қудрати минтақаӣ хушҳол нестанд, дар ин табаддулот даст доштанд. Раисҷумҳури Туркия таъкид кард, ғарбиҳо дар дохили Туркия восита доранд ва сенарияи табаддулот хориҷ аз Туркия навишта шуда буд.