Ноябр 02, 2017 10:51 Asia/Dushanbe
  • Эъломи натиҷаи таҳқиқи даргирӣ дар гӯристони Хованскийи Маскав

Раёсати кумитаи таҳқиқ ва бозрасии Русия бо такмили парвандаи ҷиноӣ алайҳи афроди гумонбар дар созмондиҳии даргирии хунини моҳи майи соли 2016 дар гӯристони Хованскийи шаҳри Маскав бо коргарони муҳоҷири тоҷик, иллати ин ҳодисаро эълом кард.

Ба гузориши сайти Вазорати кишвари Русия, далели созмондиҳии ин даргирии хунин, ки мунҷар ба куштор се коргари муҳоҷири тоҷик ва захмӣ шудани беш аз 30 нафари дигар шуд, талоши мудирияти ин гӯристон барои ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон эълом шудааст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки Юрий Чабуев мудири тозамансубшудаи ин гӯристон бо ҳамдстии се нафари дигар аз шариконаш ба ҳадафи аз ин макон ихроҷ кардани коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, бо ҳамкории гурӯҳҳои мафияӣ даст ба ҳамла ба ин коргарон мезанад, ки бо муқовамати онон рӯ ба рӯ мегардад.

Дар натиҷаи ин даргирии хунин се коргари муҳоҷири тоҷик кушта, 30 тан захмӣ ва беш аз 100 нафар боздошт шуданд.

Мақомоти додгоҳӣ пеш аз ин дар додгоҳи Маскав муҳокимаи панҷ коргари муҳоҷири Тоҷикистониро ба иттиҳоми мушорикат дар ин даргирӣ оғоз кардаанд, аммо ҳанӯз ҳукми онон содир нашудааст.

Наздикони ин панҷ шаҳрванди Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба муҳокимаи одилонаи онҳо дар додгоҳи Маскав эътимод надоранд, зеро раёсати таҳқиқ ва бозрасии идораи полиси шаҳри Маскав ҳангоми такмили парвандаи онон ҳеҷ далел ва мадраки вакилони мудофеъро дар мавриди оғозгарони воқеии ин моҷаро ва дифои тоҷикон аз худ дар назар нагирифтааст.

Акнун бо такмили парвандаи ҷиноии мудири пешини ин гӯристон ва ҳамдастонаш додгоҳи Маскав муҳокимаи ин афродро низ оғоз хоҳад кард.