Мақомоти Русия: Барномаи мушакии Эрон таҳдиде барои ҷаҳон нест
Мақомоти Русия дар Созмони милали муттаҳид эълом карданд, ки барномаи мушакии Эрон таҳдиде барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нест.
Мақомоти Русия ҳозир дар Нишасти Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид таъкид карданд, ки барномаи мушакии Эрон таҳдиде барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нест ва ҳеч мамнуияте барои тавсеаи фанновариҳои мушакии кишварҳо ба манзури дифоъ аз хеш, вуҷуд надорад .
Як дипломати рус, ки номаш фош нашудааст, дар посух ба саволи хабарнигори Интерфакс дар мавриди барномаи мушакии Эрон гуфт, Эрон барномаи мушакии худро барои ин манзур тавсеа намедиҳад, то хатаре барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бавуҷуд оварад, балки сирфан барои тақвияти тавони дифоии худ дар ҳоли тавсеаи барномаи мушакӣ аст .
Масъулони эронӣ ҳамвора таъкид кардаанд, тавон мушакӣ дар чорчуби докторини дифоӣ таъриф мешавад.