Даҳҳо шикоят ба хотири сӯиистифодаи ҷинсӣ алайҳи коркунони СММ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25173-Даҳҳо_шикоят_ба_хотири_сӯиистифодаи_ҷинсӣ_алайҳи_коркунони_СММ
Стефан Джоррик, сухангӯи Созмони Милал эълом кард, дар моҳи сентябр 31 маврид шикоят алайҳи коркунони ин созмон дар бораи сӯиистифодаи ҷинсии эҳтимолӣ дар саросари ҷаҳон ироа шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 04, 2017 11:19 Asia/Dushanbe
  • Даҳҳо шикоят ба хотири сӯиистифодаи ҷинсӣ алайҳи коркунони СММ

Стефан Джоррик, сухангӯи Созмони Милал эълом кард, дар моҳи сентябр 31 маврид шикоят алайҳи коркунони ин созмон дар бораи сӯиистифодаи ҷинсии эҳтимолӣ дар саросари ҷаҳон ироа шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, сухангӯи Созмони Милал рӯзи ҷумъа дар нишасте эълом кард, сиёсати Антониу Гутерреш, дабири кулли СММ дар заминаи хушунатҳои ҷинсӣ, ки коркунони низомиву ғайринизомии Созмони Милал муртакиб мешаванд, ин аст, ки ҳеч гуна мудорое сурат нагирад ва хости вай шаффофсозӣ дар ин замина аст.

Сухангӯи Созмони Милал афзуд, ҳақоиқи марбут ба ин шикоятҳо ҳанӯз таъйид нашудааст ва бархе аз онҳо фақат дар марҳалаи таҳқиқоти аввалия қарор доранд.

Вай гуфт, аз 31 маврид шикояти ироашуда дар моҳи сентябр, 12 маврид алайҳи коркунони амалиёти ҳифзи сулҳ ва 19 маврид низ алайҳи коркунони ожонсҳо ё барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид ироа шудааст.

Сухангӯи Созмони Милал афзуд, аз ин миён 10 шикоят ба сӯиистифодаи ҷинсӣ ва 19 шикоят ба баҳракашии ҷинсӣ марбут мешавад ва моҳияти ду шикояти дигар низ ҳанӯз мушаххас нашудааст.