ДИИШ омили ҳамлаи террористии Манҳеттенро “сарбози хилофат” хонд
(last modified Sat, 04 Nov 2017 10:56:04 GMT )
Ноябр 04, 2017 15:56 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ омили ҳамлаи террористии Манҳеттенро “сарбози хилофат” хонд

Гурӯҳи такфирии ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористии сешанбеи гузашта дар Манҳеттени Ню-Йоркро бар ӯҳда гирифт ва омили онро “сарбози хилофат” хонд.

Ба гузориши “Рейтерз”, ин ҳамлаи террористӣ, ки ба марги ҳашт нафар ва захмӣ шудани 9 тани дигар анҷомид, маргбортарин ҳамла ба шаҳри Ню-Йорк аз замони ҳамлаи террористии ёздаҳуми сентябри соли 2001 ба шумор меравад.

Ин гурӯҳи террористӣ дар рӯзномаи “Аннаба” (аввалин рӯзномаи арабизабони худ), муттаҳами аслии ин ҳамлаи террористӣ - Сайфуллоҳ Соипови 29 -соларо “яке аз сарбозони хилофат” хонд.

Сайфуллоҳ Соипов, муҳоҷири ӯзбактабор рӯзи чаҳоршанбе дар як додгоҳи федералии Амрико ба мунҳариф кардани амдии як комюни борбарӣ ба самти масири дучархасаворӣ ва зери чархи мошин гирифтани раҳгузарон, ки ба куштаву захмӣ шудани дастикам 17 тан анҷомид, муттаҳам шуд.

Тибқи матни парвандаи ҷиноӣ, ки алайҳи Соипов матраҳ шуд, вай ба бозпурсон гуфта буд, ки бо илҳом аз видеоҳои таблиғотии гурӯҳи ДИИШ дар телефони ҳамроҳи худ даст ба ин ҳамла задаву аз ин амали худ хушнуд аст ва талош мекард то парчами ДИИШ-ро дар утоқи бемористони маҳалли бистарии худ дар Ню-Йорк насб кунад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, ки хостори судури ҳукми эъдом барои Соипов шудааст, рӯзи ҷумъа дар сафҳаи Твиттери худ навишт: “ДИИШ ин “ҳайвони рӯ ба инҳитот”- ро ки ба “мардумоне поку шоиста дар Манҳеттен” ҳамла кард, сарбози худ номидааст”.