Омодагии бештари мардуми Амрико дар истифода аз аслиҳа барои анҷоми қатл
(last modified Sat, 04 Nov 2017 14:35:33 GMT )
Ноябр 04, 2017 19:35 Asia/Dushanbe
  • Омодагии бештари мардуми Амрико дар истифода аз аслиҳа барои анҷоми қатл

Натоиҷи як назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, бештари мардуми Амрико дар истифода аз аслиҳа барои қатл омодагӣ доранд.

Натоиҷи назарсанҷии ҷадиди “Инсуренс Котус” нишон медиҳад, аз ҳар 10 амрикоӣ, ки силоҳ дар ихтиёр дорад, ҳашт нафар дар сурати таҳдид шудан омодаи истифода аз он ба манзури куштани тарафи муқобил аст .

Тибқи натоиҷи ин назарсанҷӣ, ҳудуди 78 дарсади амрикоиҳои дорандаи силоҳ низ гуфтаанд, ҳам аз лиҳози зеҳнӣ ва ҳам тавони ҷисмӣ омодаи куштани фарде ҳастанд, ки барои онон эҷоди музоҳимат ва ё ба ҳарими онҳо таҷовуз кунад .

Шабакаи телевизионии СНН, пеш аз ин дар гузорише амрикоиҳоро яке аз мусаллаҳтарин миллатҳои ҷаҳон хонда буд .

Дар ин гузориш омада буд, вуҷуди беш аз 300 миллион қабза аслиҳа байни амрикоиҳо, ононро мусаллаҳтарин миллати ҷаҳон сохтааст .

Тибқи оморҳо, ҳамчунин таи солҳои ахир кушторҳои дастаҷамъӣ дар Амрико ба шакле пойдор ҳам ба лиҳози теъдод ва ҳам ба лиҳози абъод афзоиш пайдо кардааст.

 

Барчасп