Ноябр 05, 2017 11:31 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 13 ғайринизомии афғон дар ҳамлаи ҷангандаҳои Амрико

13 ғайринизомии афғон дар ҳамлаи ҷангандаҳои амрикоӣ ба вилояти Қундӯз, шимол Афғонистон кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ҳадафи ин ҳамла афроди Толибон дар минтақаи Чордараи вилояти Қундӯз эълом шуда буд.

Нерӯҳои низомии Афғонистон дар чанд рӯзи ахир дар ин минтақа дар ҳоли набард бо Толибон ҳастанд.

 Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, ҳамлаи ҳавоии артиши Амрико замоне рӯй дод, ки афроди Толибон пас аз ҳамлаи ҷумъашаби нерӯҳои Афғонистон, сокинони минтақаи Чордараи Қундӯзро маҷбур карданд то барои хориҷ кардани куштаҳои Толибон аз зери овор ба онҳо кумак кунанд.

Дар ҳоли ҳозир 13 ҳазор низомии хориҷӣ, аз ҷумла даҳ ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур доранд.

Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар юриш бурд, аммо аз он замон то кунун ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиши чашмгире доштааст.