Оғози таҳсили кӯдакони овораи руҳингиёӣ дар марзи Бангладеш
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25197-Оғози_таҳсили_кӯдакони_овораи_руҳингиёӣ_дар_марзи_Бангладеш
Донишомӯзони руҳингиёӣ дар урдугоҳи оворагон дар марзи Бангладеш бидуни имконоти омӯзишӣ ба мадраса рафтанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 05, 2017 12:04 Asia/Dushanbe
  • Оғози таҳсили кӯдакони овораи руҳингиёӣ дар марзи Бангладеш

Донишомӯзони руҳингиёӣ дар урдугоҳи оворагон дар марзи Бангладеш бидуни имконоти омӯзишӣ ба мадраса рафтанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, дар мадориси маҳаллӣ ва фоқиди имконоти омӯзишӣ дар урдугоҳи оворагон дар минтақаи Бохули, воқеъ дар марзи Бангладеш сурудҳои маҳаллӣ тамрин мекунанд ва китобҳои достонӣ мехонанд.

 Бар асоси гузоришҳои Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи кӯдакони Созмони Милал, беш аз 40 ҳазор кӯдаки бесарпараст дар миёни оворагони руҳингиёӣ дар Бангладеш шиносоӣ шудааст ва ҳудуди 340 ҳазор кӯдаки мусалмони руҳингиёӣ низ дар шароити вахими урдугоҳҳои Бангладеш аз камбуди маводи ғизоӣ, оби ошомиданӣ ва дору ранҷ мебаранд.

Аз 25-уми август то кунун дар мавҷи ҷадиди ҳамалоти саркӯбгарона ва таҷовузкоронаи артиши Миёнмор алайҳи мусалмонони Руҳингиё дар вилояти Рохин, ғарби ин кишвар, беш аз шаш ҳазор нафар кушта ва ҳашт ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.

 Беш аз 700 ҳазор нафар аз мусалмонони Руҳингиё низ маҷбур ба фирор ба Бангладеш шудаанд.