Русия дар ҳоли танзими шикоят алайҳи иқдоми Амрико
Сафири Русия дар Амрико гуфт, Маскав дар ҳоли ҷамъоварии аснод ва мадорики лозим аст то аз иқдоми давлати Амрико дар тавқифи маконҳои дипломатии Русия дар ин кишвар шикоят кунад.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Анатолий Антонов ин матлабро дирӯз дар ҳошияи нишасти иттиҳодияи донишмандони русӣ-амрикоӣ дар шаҳри Чикаго ва дар ҷамъи хабарнигорон баён кард.
Мария Захарова сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия ҳам бо ҳушдор ба Вашингтон барои идомаи тавқифи маконҳои дипломатии ин кишвар, эълом карда буд, агар ин шароит поён наёбад, тадобири мутақобил эъмол хоҳад шуд.
Барак Обама раиси ҷумҳурии собиқи Амрико дар рӯзҳои поёнии раёсати ҷумҳурии худ, 35 дипломати русро аз Вашингтон ва Ню-Йорк ихроҷ ва ду сохтмони мутааллиқ ба Русияро дар ҳоле ки масунияти дипломатӣ дошт, дар ин ду шаҳр тавқиф кард.
Ӯ ин иқдомро дар посух ба иддаои дахолати русҳо дар интихоботи ин кишвар, анҷом дод.
Чун давлати Обама рӯ ба поён буд, Русия дар баробари ин иқдомҳо вокунише нишон надод, вале то кунун давлати Доналд Трамп низ ҳозир ба музокираи ҷиддӣ дар ин замина нашудааст.