Ҳакерҳо 195 веб-сайти мутааллиқ ба Трампро ҳак карданд
Як хабаргузории амрикоӣ фош кардааст, ҳакерҳое ки эҳтимолан хориҷ аз Русия будаанд, дасти кам 195 веб-сайти мутааллиқ ба Созмони Трамп ё хонаводаи раиси ҷумҳурии Амрикоро тайи чаҳор соли қабл ҳак кардаанд.
Ба гузориши Ассошиэйтедпресс, Созмони Трамп ҳаргиз ин масъаларо таъйид накардааст, ки ин адрсҳои интернетӣ ҳак шуда ва то замоне, ки хабарнигорони Ассошиэйтедпресс бо мақомҳои Созмони Трамп тамос нагирифтанд, таваҷҷуҳе ба таъмир ва ислоҳи веб-сайтҳои ҳакшуда накарда буданд.
Корбароне ки қасди дастрасӣ ва вуруд ба ин веб-сайтҳои ҳакшударо доштанд, вориди серверҳои дар Санкт-Петербурги Русия мешуданд, ки ба эътиқоди коршиносони амнияти сайберӣ, ҳовии бадафзорҳои роёнаӣ будааст.
Созмони Трамп дар маҷмӯъ беш аз се ҳазору 300 адреси интернетӣ дар ихтиёр дорад.
Таҳқиқоти Ассошиэйтедпресс нишон медиҳад, ки ҳакерҳо натавонистаанд ба серверҳои аслӣ ва воқеии Созмони Трамп ё дороиҳои вай дастрасӣ пайдо кунанд.