Ноябр 05, 2017 15:40 Asia/Dushanbe
  • Сафари дерҳангоми Су Чи ба иёлати Рохин

Дар пайи эъмоли фишорҳои минтақаию байналмилалӣ бар Ҳукумати Миёнмор ба иллати куштори мусалмонони Руҳингиё дар иёлати Рохин вазири умури хориҷӣ ва мушовири олии ҳукумати ин кишвар ба ин минтақа сафар кард.

Сафари Аунг Сан Су Чи ба ду рустои иёлати Рохин ҳарчанд дерҳангом сурат гирифт, аммо чунончи, ба ҳалли мушкилоти мусалмонони Руҳингиё кумак кунад, метавонад сафари мусбате бошад. Даври ҷадиди куштори мусалмонони Руҳингиё бо ҳадафи поксозии қавмӣ аз соли 2012 оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад. Ин дар ҳолест, Су Чи, ки замоне муддаии озодихоҳӣ, эҷоди демократия ва ҳукумати қонун дар Миёнмор буд, на танҳо дар баробари ҷиноёти низомиён ва давлати худ дар куштори мусалмонони Руҳингиё сукут кард, балки ба рағми интизори ҷаҳониён барои поён додан ба куштори онон талош низ накард.

Мусалмонони Руҳингиё, ки моликони аслии сарзамини Аракан, Рохини феълӣ маҳсуб мешаванд, ба унвони шаҳрвандони Миёнмор шинохта намешаванд ва бар асоси қонунҳои даҳаи 80, ки ҳукумати низомиён дар ин кишвар тасвиб кард, мусалмонон аз ҳаққи шаҳрвандӣ дар Миёнмор маҳрум шуданд. Баъд аз ба қудрат расидани Лигаи миллӣ барои демократия дар Миёнмор ба раҳбарии Аун Сан Су Чи ба унвони мушовири олии ҳукумат дархостҳо аз ӯ барои кумак ба шиносоии ҳаққи шаҳрвандии мусалмонони Руҳингиё афзоиш ёфт, аммо... Янки Ли, коршиноси Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯдакон мегӯяд: “Рафтори Су Чи дар қиболи куштори мусалмонони руҳингиёӣ ҷомеаи байналамилалиро ноумед кардааст. Душманӣ бо руҳингёиҳо ва танаффур аз онҳо ба ҳадде зиёд аст, ки касе ҷуръати ҳарф задан алайҳи ҷинояткоронро надорад".

Яке аз далоили сукути Су Чи дар баробари ҷиноёти созмондиҳишудаи зидди мусалмонони Руҳингиё талош барои ҷалби назари низомиён ва буддоиҳост. Ҳарчанд раҳбари Лигаи миллӣ барои демократия муддаии адами вобастагӣ ба ҷиноҳҳои аслии қудрат дар Миёнмор аст, аммо Су Чи медонад, агар натавонад назари мусбати роҳибони буддоӣ ва низомиёнро ҷалб кунад, мумкин аст, бо буҳронҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҳатто кудато рӯ ба рӯ бошад. Ин дар ҳолест, ки Су Чи дар интихоботи ахир талош барои ваҳдату иттиҳоди ақвомро аз шиорҳои аслии худ унвон ва мардумро умедвор кард, дар сурати ба қудрат расидан назму амният ва ваҳдатро ба Миёнмор хоҳад бозгардонд. Усқуф Дезмонд Туту, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел мегӯяд: "Сукути Су Чи дар баробари куштори мусалмонони Руҳингиё натиҷаи хубе барои ӯ надорад  ва ӯ бояд ҳарчи зудтар ба ин ҷиноёт поён диҳад. Су Чи набояд дар баробари беадолатӣ сукут кунад ва агар баҳои иртиқои мақом ва нишастан бар болотарин курсӣ дар Миёнмор сукути ӯст, ин баҳо қатъан хеле газоф аст».

Ба ҳар ҳол, раҳбари Лигаи миллӣ барои демократияи Миёнмор дар ҳоле ба иёлати Рохин сафар кард, ки шаҳрвандони ин кишвар дар урдугоҳҳои дохилӣ ва дар кишварҳои ҳамсоя дар бадтарин шароит зиндагӣ мекунанд. Бехонумону ятим шудани ҳазорон кӯдак ва қатли оми занону мардони бегуноҳ танҳо бахши кӯчаке аз ҷиноятҳои ҳукумате аст, ки Су Чи ифтихори узвият дар онро дорад... Мардуми Миёнмор интизор доранд, Су Чи бо авлавият қоил шудан ба сарнавишти мардуму амнияти онон ба куштору наслкушии мусалмонони Руҳингиё поён медиҳад.